ором

ором
[آرام]
1. сокит, хомӯш, осуда, бе сару садо, сокин
2. сукун, субот, қарор, тоқат
3. оҳиста, ҳамвор, ба як қарор; муқоб. шитоб
4. батааннӣ, батамкин, вазнин; хоби ором хоби роҳат, хоби осуда ва беташвиш, хоби бароҳат; ором будан а) сокит будан, беғалоғула ва беташвиш будан; б) осуда, хотирҷамъ будан; ором гардидан (ёфтан, шудан) а) оромидан, осудан; б) аз ҳаракат мондан, боз истодан, қатъ шудан; в) фурӯ нишастан (хашм, изтироб, ҷӯшу хурӯш); ором гирифтан а) дам гирифтан, орамидан, осудан; б) қатъ шудан, пасанда шудан, хомӯш шудан (садо); в) боз истодан (аз коре, ҳаракате); г) таскин ёфтан, осуда шудан, аз ҳолати изтироб ва беқарорӣ баромадан; д) кам шудан ё рафъ гардидани дарди узве (дарди сар, чашм, по ва ғ.); е) барпо шудани тинҷӣ ва амонӣ; ором гузоштан касеро кордор нашудан, осуда, ба ҳоли худ мондан (касеро); ором додан сокит кардан, фурӯ нишондани хашму, изтироби касе ё дарде; ором додан (нафсро) гуруснагии худро то ҳадде бартараф кардан; ором кардан касеро таскин додан, фурӯ нишондани хашм ё изтироби касе, сокит намудан, хомӯш кардан, таскин додан; ором надоштан беқарор будан, хотир осуда набудан, сукун ва тоқат надоштан; ороми дил (хотир) боиси осудагии хотир, тасаллобахши дил; ороми ҷон а) боиси тасалло ва таскини дил; б) маҷ. маъшуқа; ором-ором ба оромӣ, оромона

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужна курсовая?

Смотреть что такое "ором" в других словарях:

  • оромӣ — [آرامي] 1. осудагӣ, беташвишӣ; ба оромӣ гузаштан 2. хомӯшӣ, сукунат 3. таскинёбӣ, фурӯ нишастани изтироб, хашм ва асабияту ҷӯшу хурӯш 4. амният, тинҷӣ; ба оромӣ батамкинӣ, бидуни изҳори асабоният, хунсардона, бе изҳори ҷӯшу хурӯш …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • Ором — Sp Òromas Ap Ором/Orom L Serbija …   Pasaulio vietovardžiai. Internetinė duomenų bazė

  • оромҷой — [آرام جاي] 1. ҷои ором ва осуда 2. ҷои оромиш, ҷои истироҳат …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • Ором (Сербия) — Село Ором серб. Ором венг. Orom Страна Серби …   Википедия

  • ОРОМ — Гром орать. Перм. Громко, надрывно кричать. Подюков 1989, 139 …   Большой словарь русских поговорок

  • қарор — [قرار] а 1. ором; оромиш, осоиш; қарор надоштан дар ҷое а) ором набудан, собит набудан, дар ҳоли ҷунбиш ва ҳаракат будан; б) ором нагирифтан, дер наистодан дар ҷое; қарор аз касе бурдан орому осоиши касеро барҳам додан, касеро беқарор кардан;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • осуда — [آسوده] 1. сифати феълии замони гузаштаи осудан 2. беғам, беташвиш, даросоишбуда, хотирҷамъ, ором, тинҷ, роҳат, фориғ; осуда гардидан (шудан) ором шудан, тинҷ шудан, аз ташвиш раҳидан, хотирҷамъ шудан; осуда нафас гирифтан хотирҷамъ шудан, баъд… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дам — I [دم] асоси замони ҳозира аз дамидан II [دم] 1. нафас; дами касе гаштан (гардидан) нафаси касе ба дарун афтидан; нафас гирифта натавонистан 2. ҳаво, бод; пуф; дами чизеро холӣ кардан боди чизеро баровардан, ҳавои чизеро сар додан; дами шикам… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • тасалло — (тасаллӣ) [تسلا // تسلي] а. оромӣ ёфтан аз андӯҳ; хушнуд кардани хотири касе; дилдорӣ, дилҷӯӣ; тасаллои дил (хотир) таскини хотир, боиси оромии дил; тасаллӣ додан дилдорӣ додан, ором намудан, аз андӯҳ раҳоӣ додан (мас., вақти қазо). дилхушӣ,… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • таскин — [تسکين] а. ором кардан, сокин намудан, паст кардан (мас., ғазабро); тасаллодиҳӣ; дилбардорӣ; таскини фитна паст кардан ва хобондани фитна; таскин додан ором кардан, тасалло додан, хобондан, пасанда кардан (мас., ҷанҷолро); таскин ёфтан ором шудан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»